соҳиби шоҳҷоизаҳои озмуни мазкур дар соли 2024 шуданд.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Forwarded from Азия-Плюс TJ
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Ба наздиконатон тавассути албоми «Дюшамбе-Сталинобод-Душанбе» саёҳат ба Душанбеи куҳнаро тақдим намоед!
Таърихи Душанберо, аз қадим то имрӯз, тавассути аксҳо омӯзед, дар кӯчаҳои он давр занеду соате ҳам бошад, ба шаҳри онвақта баргардед.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
Боз бидуни шарҳ. Вохӯрии навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муайн кардани хатти марз
Аммо дар хабар мушаххас гуфта нашудааст, ки дар ин дидор сари кадом минтақаҳои баҳснок гуфтугӯ сурат гирифта ва чӣ пешниҳодҳое ироа шудаанд.
Бояд гуфт, тайи қариб як соли охир мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои тавофуқ дар бораи марзи давлатӣ музокироти фаъол доранд. Аммо ҷузъиёти музокироти мақомоти ду кишвар ошкор намешавад.
Мақомдорони ду тараф мегӯянд, масъалаи аломатгузории марзи ду кишвар ба наздикӣ анҷом меёбад, вале маълум нест кай.
Ҳоло тибқи иттилои охирин, ки моҳи июл, дар нишасти матбуотии раиси вилояти Суғд аз сӯи Раҷаббой Аҳмадзода садо дода буд, 94% марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон пурра муайян шудааст.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Дар ин бора хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба пизишкони фаластинӣ хабар додааст.
Дар миёни кушташудагон 7 узви як хонавода низ ҳастанд, ки дар минқтаи Зайтуни Ғазза баъди расидани як мушаки Исроил ба хонаашон ба ҳалокат расидаанд.
Артиши Исроил сар аз моҳи гузашта дар минтақаи шимоли Навори Ғазза ҳамлаҳои густурдаро ба роҳ мондааст. Дар пайи ин ҳамлаҳо садҳо нафар, аз ҷумла, занону кӯдакон кушта шудаанд.
Се рӯз пеш Додгоҳи байналмилали Гаага Бенямин Нетаняҳу, нахуствазир ва Йоав Галлант, собиқ вазири дифои Исроилро ба ҷиноят зидди башарият дар Навори Ғазза муттаҳам дониста, дастури боздошташонро содир кард.
Ин Додгоҳ гуфтааст, ки ин ду мақомдори исроилӣ сокинони Ғаззаро дидаву дониста аз хӯроку обу дору маҳрум кардаанд
Ёдрас мешавем, ки ҷанг дар Ғазза беш аз як сол аст, ки ҷараён дорад. Ин ҷанг миёни моҳи октябри соли гузашта баъди ҳамлаи Ҳамос ба Исроил, ки боиси кушта шудани наздики 1200 нафар ва гаравгон гирифтани 250 кас дигар шуд, оғоз гардид.
Баъди он Исроил ба Ғазза ҳамла кард. Масъулини беҳдошти Ғазза мегӯянд, ки сар аз 7-уми октябр то инҷониб дар натиҷаи таҷовузи Исроил ба Ғазза беш аз 44 ҳазор нафар, аз ҷумла занону кӯдакон, кушта ва наздики 105 ҳазор каси дигар захмӣ шудаанд.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Неъматҷон Раҳмонов се сол боз бесарпаноҳ аст. Ӯ ба Русия сафар карда, хонаашро дар Хуҷанд фурӯхт. Вале бо расидан ба он ҷо, ба мушкилоти зиёд гирифтор шуд ва дар натиҷа, ҳам бе хона ва ҳам бе оила монд.
Чӣ тавр ин шаҳрванди Тоҷикистонро муҳоҷират ба ин сатҳ расонид? Қиссаи пурпечутоб ӯро дар гузориши мо бубинед.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
YouTube
Ҳаёти шикастаи муҳоҷир: чигуна Неъматҷон бе хонаву оила монд
Неъматҷон Раҳмонов се сол боз бесарпаноҳ аст. Ба Русия сафар карда, хонаашро дар Хуҷанд фурӯхт. Вале бо расидан ба он ҷо, ба мушкилоти зиёд гирифтор шуд ва дар натиҷа, ҳам бе хона ва ҳам бе оила монд.
Читавр ин шаҳрванди Тоҷикистонро муҳоҷират ба ин сатҳ…
Читавр ин шаҳрванди Тоҷикистонро муҳоҷират ба ин сатҳ…
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон Алиризо Бегдилиро ба унвони сафири ҷадиди ин кишвар дар Афғонистон таъйин кардааст.
Дар ин бора дирӯз, 24-уми ноябр расонаҳои Эрон хабар дода, навиштаанд, ки бар асоси ҳукми Ироқчӣ намояндаи раисҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон бекор шудааст. Гуфта мешавад, ки намояндаи Эрон минбаъд мисли собиқ зери назорати вазири хориҷаи ин кишвар хоҳад буд.
Расонаҳои Эрон навиштаанд, ки Алиризо Бегдилӣ 63 сол дошта, қаблан дар вазифаҳои гуногуни Вазорати хориҷаи ҷумҳурии исломӣ кор карда, сафири Эрон дар кишварҳои Озарбойҷон, Туркия ва Қибрис будааст.
Бояд гуфт, то ин дам сарпарасти сафорати Эрон дар Афғонистонро Ҳасан Козимӣ Қумӣ ба уҳда дошт. Ӯ ду моҳ пеш аз қудратро ба даст гирифтани гурӯҳи Толибон* дар моҳи октябри соли 2021 дар Афғонистон ба унвони намояндаи расмии раисҷумҳури Эрон дар Афғонистон интихоб шуда буд.
Эрон ҳарчанд гурӯҳи Толибонро ба расмият намешиносад, вале бо онҳо равобити дипломатӣ дорад. Ҳамчунин, Эрон намояндагии дипломатии Афғонистон дар ин кишварро ҳам дар ихтиёри Толибон қарор додааст.
* Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ дониста мешавад
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Дар ин бора Федератсияи ҷудои кишвар хабар медиҳад.
🤼♂️ Ба гуфтаи манбаъ, Обед Ҷебов дар вазни то 66 кг, Абубакр Шеров дар вазни 73 кг, Умед Раҷабов дар вазни то 90 кг ва Виктория Киселёва дар вазни ҷамъи 78 кг миёни бонувон дар ин мусобиқа куштӣ хоҳанд гирифт.
Бояд гуфт, мусобиқоти Гранд Слами Токио рӯзҳои 7-ум ва 8-уми декабр баргузор гардида, дар он 183 ҷудокор аз 42 кишвар ширкат меварзанд.
Ба гуфтаи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, варзишгарони тоҷик бо ба даст овардани хол дар ин мусобиқа имкон доранд мавқеи худро дар рейтингҳои ҷаҳонӣ боло баранд.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
ASIA-Plus
Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ Тоҷикистон соҳиби 7 медал шуд
Дар Тайиланд мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ (байдарка ва каноэ) баргузор шуд. Дар он қаиқронон байни калонсолон, ҷавонон ва наврасон дар масофаҳои 3400 ва 10000 метр барои медалҳо рақобат карданд.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
ASIA-Plus
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард
Президенти Русия Владимир Путин сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирок дар чорабиниҳои рӯзи 9 майи соли 2025 дар Майдони сурх ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба шаҳри Маскав даъват кард. Дар ин бора…
Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин оилаи ҳунарманд” баргузор мешавад. Дар ин бора Кумитаи занон ва оилаи кишвар иттилоъ додааст.
Ба навишти манбаъ, ҳадафи озмун ҷалби ҷомеа ба ҳунармандӣ, касбомӯзӣ, тарбияи фарзанд дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аст.
Гуфта мешавад, ки даври аввали озмун аз 25-уми ноябр то 5-уми декабр дар шаҳру навоҳии кишвар доир гардида, маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупорӣ нимаи дуюми моҳи декабр баргузор мешавад.
Манбаъ менависад, ки ғолибон соҳиби диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ хоҳанд шуд.
✅ Бо 😍 бошед: Telegram ✅
Ба навишти манбаъ, ҳадафи озмун ҷалби ҷомеа ба ҳунармандӣ, касбомӯзӣ, тарбияи фарзанд дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аст.
Гуфта мешавад, ки даври аввали озмун аз 25-уми ноябр то 5-уми декабр дар шаҳру навоҳии кишвар доир гардида, маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупорӣ нимаи дуюми моҳи декабр баргузор мешавад.
Манбаъ менависад, ки ғолибон соҳиби диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ хоҳанд шуд.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
ASIA-Plus
Эрон низ сафирашро дар Афғонистон нав кард
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон Алиризо Бегдилӣ, дипломати собиқадори эрониро сафири ҷадиди ин кишвар дар Афғонистон таъйин кардааст. То ин дам сарпарасти сафорати Эрон дар Афғонистонро Ҳасан Козимӣ Қумӣ ба уҳда дошт. Дар ин бора дирӯз, 24-уми ноябр…
Қаблан дар ин кишвар пешниҳоди чунин далелҳо бинобар набудани эътибори ҳуқуқии онҳо пазируфта намешуд.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
ASIA-Plus
Вазорати энергетика: 80%-и ҳодисаҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба об марбутанд
Тоҷикистон бо мушкилоти ҷиддии марбут ба тағйирёбии иқлим дучор аст, бахусус дар масъалаи захираҳои об, ки беш аз 80%-и оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар кишварро ташкил медиҳанд. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба Report.az дар ҳошияи Конфронси COP29 дар Боку муовини…