Telegram Web
✉️ ЧОРАБИНИҲОИ 5 ИЮЛ

🔈 Имрӯз соати 17:00 дар "Кӯли Душанбе" ҷашнвораи бузурги мусиқӣ доир мегардад. Сарояндаи асосии шоми мусиқӣ Фаррух Ҳасанов аст. Дар ҷашнвора зери осмони кушод баргузории як қатор чорабиниҳои фароғатӣ, намоиши рақсӣ дар назар буда, меҳмононро тӯҳфаҳои гуногун интизор аст. Арзиши чипта барои вуруд 100 сомонӣ аст.

🎭 Имрӯз, соати 18:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов намоишномаи “Ман дар ёд дорам” ба саҳна гузошта мешавад ва ин театр бо ин намоишнома мавсими театриро ҷамъбаст мекунад. Ин намоишнома аз рӯйи асари Чингиз Айтматов гирифта шудааст.

⚽️ Имрӯз дар даври сеюми рақобатҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дастаи занонаи Тоҷикистон бо Фаластин ва Малайзия бо Куриёи Шимолӣ дар шаҳри Душанбе рақобат мекунанд.

👨🏻‍🎓 Дар Тоҷикистон даври асосии имтиҳонсупорӣ барои дохилшавӣ ба макотиби олии Тоҷикистон ҷараён дорад. Ин даври имтиҳонҳо то 9-уми июл идома мекунад. Дар 21 шаҳру навоҳии кишвар 47 нуқтаи имтиҳонсупорӣ ва 2 нуқтаи эҳтиётӣ ташкил шудааст. Бо суроғаи марказҳои имтиҳонсупорӣ дар тамоми кишвар дар ин маводи мо шинос шавед.

🏐 Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) байни духтарони то 16-сола идома дорад. Мусобиқа, ки дар “Кохи Олимп” доир мегардад, дирӯз оғоз гардид ва то 7-уми июл идома мекунад. Дар он дастаҳои духтарона аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат мекунанд.

Хабарҳои бештар ➡️ Telegram 📱
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ pinned «❗️Таҳсил дар коллеҷҳо як сол кам мешавад. Вакилони парлумон қонуни нави таҳсил дар коллеҷҳоро пазируфтанд Лоиҳаи қонун чӣ ҳарфи нав дорад?»
⚡️Дар Тоҷикистон ду суҳбатгоҳи буддоӣ аз асри 7-8 кашф шудааст

Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ - суҳбатгоҳҳои буддоӣ кашф ва таҳқиқ шудааст, ки ба асрҳои 7-8 мелодӣ нисбат дода мешаванд. Ин кор аз сӯи мутахассисони Оҷонсии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон анҷом шудааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, яке аз ин ёдгориҳои тозакашфи бостонӣ 3 метр паҳноӣ ва 9 метр дарозӣ ва дигараш 3 метр паҳноӣ ва 6 метр дарозӣ дорад.

Манбаъ гуфтааст, ки ин ёдгориҳо бо усули меъмории миллӣ, яъне гумбазӣ сохта шудаанд.

Ёдгориҳои мазкур ҳангоми азнавбақдгирии ёдгориҳои таърихиву фарҳангии мамлакат барои таҳияи Феҳристи давлатӣ дар таҳрири нав кашф ва таҳқиқ гардида, кор дар ин замина идома дорад.

Хабарҳои бештар ➡️ Telegram 📱
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Як корманди “Душанбе-Сити” беш аз 3,5 млн сомонии ин бонкро аз худ кардааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 4-уми июл иттилоъ додааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки гумонбаршаванда дар вазифаи саргурӯҳи ҳамли пул (инкасатор-бригадир)-и филиали бонки мазкур дар ноҳияи Ашт кор мекард.

Ба гуфтаи манбаъ, ӯ аз 27 то 30-юми июни соли 2025 аз худпардозҳо (терминалҳо)-и ноҳияи Ашт 3 миллиону 700 ҳазор сомониро гирифтаву ба суратҳисоби “Душанбе-Сити-бонк” интиқол надода, аз худ кардааст.

Ному насаби гумонбар ифшо нашудааст, аммо ВКД аз ӯ сокини 32-солаи ноҳияи Ашт ном будааст.

ВКД нагуфтааст, ки гумонбаршуда дастгир шудааст ё дар озодӣ қарор дорад. Дар хабари ин ниҳод гуфта мешавад, ки алайҳи ӯ бо иттиҳоми “азхудкунӣ ё исрофкорӣ” (моддаи 245 қисми 4 КҶ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Бар асоси ин иттиҳом ба гумонзад аз 136 ҳазору 800 сомонӣ (1824 нишондиҳанда) ҷарима то 15 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад.

Назари худи ӯ ва наздиконаш дар робита ба ин қазия маълум нест.

Хабарҳои бештар ➡️ Telegram 📱
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
❗️Пагоҳ, 1-уми июл даври асосии имтиҳонсупорӣ барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон оғоз мешавад. Дар ин давр довталабоне имтиҳон месупоранд, ки дар марҳилаи аввал ва асосии бақайдгирӣ худро дар Маркази миллии тестӣ (ММТ) сабтином карда буданд.…
Довталабоне, ки дар даври асосии имтиҳони дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо ширкат карда натавонистанд, чӣ кор бояд кунанд?

Довталабоне, ки дар даври асосии имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ширкат карда натавонистанд, бо пешниҳоди ариза ва 80 сомонӣ метавонанд имтиҳон супоранд.

Дар ин бора аз Маркази миллии тестӣ (ММТ) ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки муҳлати пешниҳоди ариза ва пардохти маблағ то 9-уми июл муқаррар шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, имтиҳон барои ин довталабон рӯзи 13-уми июл дар марказҳои имтиҳонии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт баргузор мегардад. Бино бар ин, довталаб вақти навиштани ариза бояд яке аз ин шаҳрҳоро интихоб кунад. Аризаро довталабон бояд ба яке аз марказҳои имтиҳонсупорӣ ё бахшҳои ММТ дар шаҳру ноҳияҳо ва ё бинои асосии ин ниҳод дар шаҳри Душнбе пешниҳод кунанд.

Аз ММТ гуфтанд, маблағи иловагӣ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ муайян шудааст.

Бояд гуфт, ҳоло даври асосии имтиҳонсупорӣ барои дохилшавӣ ба макотиби олии Тоҷикистон ҷараён дорад ва он то 9-уми июл идома мекунад.

Хабарҳои бештар ➡️ Telegram 📱
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🔴 Резаахбори рӯз дар “Азия-Плюс”📰

💬 “Муҳоҷирати ғайриқонунӣ зиёд аст”. Литва мехоҳад маркази раводид дар Тоҷикистонро бандад
МУФАССАЛ

💬Хадичаи хурдсолро ба хок супориданд. Гуфта мешавад, ӯро модараш бо корд захмӣ карда буд
МУФАССАЛ

💬 Душанбе нафасгир мешавад. Кӣ ва ё чӣ ҳавои пойтахтро ифлос мекунад?
МУФАССАЛ

💬 Довталабоне, ки дар даври асосии имтиҳони дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо ширкат карда натавонистанд, чӣ кор бояд кунанд?
МУФАССАЛ

💬 Як корманди “Душанбе-Сити” беш аз 3,5 млн сомонии ин бонкро аз худ кардааст
МУФАССАЛ

💬 Дар Тоҷикистон ду суҳбатгоҳи буддоӣ аз асри 7-8 кашф шудааст
МУФАССАЛ

💬 “Гов ҳалок шуд, вале оқсил нест”. Кишоварзони тоҷик аз хуруҷи беморӣ мегӯянду мақомот рад мекунанд
МУФАССАЛ

Хабарҳои бештар ➡️ Telegram 📱
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
☀️Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 июли соли 2025

♦️ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 6 ИЮЛ

♦️ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 6 ИЮЛ

♦️МАВЛУДИ ШАХСИЯТҲО

♦️САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

♦️ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 6 ИЮЛ

Ин ҳамаро дар матлаби мо хонед.⤵️
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
🇹🇯Мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар бозии дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё ҳам шикаст хӯрд ⚡️Дирӯз, 2-юми июл дар шаҳри Душанбе бозиҳои даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни мунтахабҳои занона дар гурӯҳи “Н” доир шуданд. 🇹🇯🇲🇾Дар ин даври…
🇹🇯🇵🇸Мунтахаби занонаи Тоҷикистон аз Фаластин ҳам шикаст хӯрд

🏆Дар даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 тими миллии занонаи Тоҷикистон бо натиҷаи 0:3 аз мунтахаби бонувони Фаластин мағлуб шуд. Ин рақобат шаби гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

🇰🇵🇲🇾Дар бозии дигари гурӯҳи "Н", ки мунтахаби занонаи Тоҷикистон ҳам дар он қарор дорад, Куриёи Шимолӣ бо ҳисоби 6 бар 0 Малайзияро ноком кард.

🇰🇵Ҳамин тавр, аз ин гурӯҳ Куриёи Шимолӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки соли оянда дар Австралия доир мешавад, роҳхат гирифт.

Футболбозбонувони тоҷик ҳанӯз дар даври дуюм бо шикаст дар баробари Малайзия имкони роҳхат ба ин марҳилаи мусобиқаро аз даст дода буданд.

❗️Дар се рақобти марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бонувони тоҷик ба бохт рӯ ба рӯ шуда, ҳатто як гол ҳам ба самар расонида натавонистанд.

📆 Охирин ғалабаи дастаи мо охирҳои моҳи сентябри соли 2021 муқобили Малдив буд. Пас аз он тими миллии занонаи кишвар то кунун дар ҳеҷ бозии расмӣ ва дӯстона пирӯзӣ ба даст наовардааст.

📸: AFC Asian Cup

Хабарҳои бештар ➡️ Telegram 📱
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🏖️Истироҳат дар лаби “Баҳри тоҷик”. Кадом осоишгоҳҳо ҳаст ва бо чӣ шароит?

Мо беҳтарин осоишгоҳҳо ва минтақаҳои фароғатиро дар соҳили “Баҳри тоҷик” (обанбори Қайроққум) ҷамъ овардем.

Бештар дар матлаби мо хонед.⤵️
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
❗️Бонки ҷаҳонӣ: Ҳар як чаҳорумин сокини Тоҷикистон дар фақр зиндагӣ мекунад

Зиёда аз 25%-и аҳолӣ дар як рӯз камтар аз 30 сомонӣ сарф мекунанд.

Сарфи назар аз коҳиши устувори сатҳи камбизоатӣ, зиёда аз 25%-и аҳолии Тоҷикистон мисли пешин дар сатҳи байналмилалии камбизоатии шадид - бо сарфи камтар аз 30 сомонӣ ё 3 доллар дар як рӯз зидагӣ мекеунанд. Дар ин бора дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ “Poverty, Prosperity, and Planet Report 2024” маълумот дода шудааст.

Бештар дар матлаби мо хонед. 👇
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🎖Ҷудокорони тоҷик аз мусобиқаи Ҷоми Осиё миёни наврасону ҷавонон 5 медал, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд.

🤼‍♂️ Ин мусобиқа аз 3 то 6-уми июл дар шаҳри Алматои Қаазоқистон баргузор гардид ва кишвари моро 37 ҷудокор, 15 нафар миёни наврасон ва 22 кас миёни ҷавонон намояндагӣ карданд.

🥈🥉Миёни наврасон ду паҳлавони тоҷик - Лоиқ Қутбуддинов дар вазни то 60 кг медали нуқра ва Бобоҷон Шаропов дар вазни то 73 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.

🥈🥉🥉Дар рақобатҳо миёни ҷавонон бошад, се ҷудокори мо - Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни то 66 кг соҳиби медали нуқра, Умар Шеров дар вазни то 66 кг ва Бинёмин Назаров дар вазни то 73 кг соҳиби медали биринҷӣ шуданд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар Ҷоми Осиё миёни наврасону ҷавонон дар Қазоқистон 459 ҷудокор аз 10 кишвари қора иштирок кардаанд.

Хабарҳои бештар ➡️ Telegram 📱
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
2025/07/07 05:40:46
Back to Top
HTML Embed Code: