Telegram Web
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

❗️Огоҳии қатъии Бег Сабур

Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба шикояти сокинон аз паст будани сифати алоқа 📶 дар минтақаҳои гуногуни кишвар таваҷҷуҳ карда, ширкатҳои мобилиро огоҳ кардааст, ки агар вазъро беҳ накунанд, муҷозот мешавад.

Ӯ зимни мулоқот бо намояндагони ширкатҳои алоқаи мобилӣ, КВД “Шаҳри ҳушманд” ва Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, “ҳарчанд давоми чанд соли ахир, ислоҳот ва модернизатсияи соҳаи алоқа ба суръат идома ёфт, аммо боз ҳам ширкатҳо муваффақ нашуданд, ки пӯшиши радиоии сифати алоқаро ба таври бояду шояд таъмин созанд”.

🛜Ӯ ширкатҳои мобилиро огоҳ кардааст, ки барои бемасъулиятӣ мувофиқи қонунгузорӣ бидуни истисно аз ҷаримабандӣ то кушодани парвандаи ҷиноятӣ ва бозхонди иҷозатномаи фаъолият чораандеширо карда мешавад”.

__
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидааст? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад. Пардифей Бейби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🇹🇯 Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар радабандии навшудаи Федератсияи байналмиллалии футбол (ФИФА) як зина боло рафт.

🇹🇯 Тими миллии кишвар бо 1203,08 имтиёз аз зинаи 105-ум боло баромада, дар ҷои 104-ум қарор гирифт.

📊 Рӯйхати мунтахабҳои футболи Осиёи Марказӣ:

🇺🇿Ӯзбекистон дар ҷои 58 ва пешсафи минтақа;
🇹🇯Тоҷикистон дар ҷои 104;
🇰🇬Қирғизистон дар ҷои 107;
🇰🇿Қазоқистон дар ҷои 110;
🇹🇲Туркманистон дар ҷои 143.

🌐 Мунтахабҳое, ки дар садри радабандии ФИФА қарор доранд:

1️⃣Аргентина - 1867,25 имтиёз;
2️⃣Фаронса - 1859,78 имтиёз;
3️⃣Испания - 1853,27 имтиёз.

⚽️ Дар радабандии ФИФА 210 мунтахаби милли футбол вуҷуд дорад.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🧑‍💻Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷир, ки дар мактабҳои Русия таҳсил мекунанд, забони русиро хуб медонистаанд

💠 Вазорати маорифи Русия дар мактабҳои ин кишвар барои фаҳмидани он ки фарзандони муҳоҷирон то чӣ драҷа забони русиро медонанд, санҷиш гузаронидааст.

📊 Натиҷаҳои санҷиш чунин будаанд:

✍️ 58% хонандагон забони русиро хуб медонистаанд;
✍️18% забонро кам медонистаанд ва ё намедонистаанд,
✍️23% кӯдакони муҳоҷир барои таҳсил мушкил мекашидаанд.

✍️ Гуфта мешавад, то оғози соли таҳсили 2024/25, санҷиши донистани забони русӣ миёни 154,8 ҳазор кӯдаки дорои шаҳрвандии хориҷӣ гузаронида шудааст. Ин шумора 74,4% ҳама кӯдакони муҳоҷиронро, ки дар муассисаҳои таълимии Русия таҳсил мекунанд, ташкил додааст.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Маросими ҷоизасупории #TaronaMusicAward2024  наздик мешавад.

Номзади навбатӣ – Хуҷастаи Мирзовалӣ аст.

🏆Имсол барои Хуҷаста аз нигоҳи эҷоди таронаҳои нав бобарор буд. Чанд таронаи ӯ дар қисмати овоздиҳии телеграммии радиои мо пайваста дар сархати рейтинги таронаҳои писандида буд. Талоши пайваста, хастагинопазирӣ ва интихоби шоистаи матну оҳанг ӯро муваффақ гардонидаасту номзад барои дарёфти Ҷоизаи #TaronaMusicAward2024 . Интизор мешавем.

🤝 Ташкилотчиён - @radioasiaplus ва @icb.tajikistan

Шарики расмӣ - @fly.tj
Шарики рақамӣ - @tcellpublic

Шарикон:
@fiftyfive_group
@_gulianor
@borjomi_tajikistan
@community_dushanbe
Оҷонсии муҳофизатии “Барс”

🎧 Моро тариқи online гӯш кунед

📢Обуна шавед /Telegram /Instagram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
📚🎧 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”

📌 Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар” манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.

#АудиокитобАП

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Файзигул Юсуфӣ (Юсупова), сарояндаи эстрадаи тоҷик дар 50-солагӣ аз дунё даргузашт.

Дар ин бора дӯстону наздикони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода, гуфтаанд, ки ин сароянда чанде пеш барои ҷарроҳӣ ба Ҳиндустон рафта будааст.

Файзигул Юсуфӣ 31 майи соли 1974 дар шаҳри Ваҳдат (собиқ Орҷоникидзеобод) ба дунё омадааст. Ӯ сар карда аз солҳои 90-ум ба ин су ба рақс ва овозхонӣ машғул буд ва солҳои зиёд дар ансамблҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият мекард.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️ Боздошти як ноболиғ бо гумони қатли падрандараш

Пулиси Душанбе як писари 17-соларо дастгир кардааст, ки гуфта мешавад, дар натиҷаи як муноқиша падарандари худро ба қатл расонидааст.


Дар ин хусус дар барномаи “Ахбори ВКД”-и телевизиони Тоҷикистон хабар дода мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса рӯзи 22-юми ноябр рух додааст. Гуфта мешавад, навраси 17-сола соати 22-и шаби ҳамон сана баъди муноқишаи падарандараш бо модараш, бо ӯ даъво мекунад. Дар натиҷа ин ноболиғ падарандарашро бо корд мезанад ва ӯ захмӣ шудаву мефавтад.

“...Кордчаро гирифта тарафи ман омад, аз дасташ кордчаро гирифтам, тела кардам, ки афтод. Баъдан маро зад, ман бо сар ӯро задам, ки аз сараш хун омад. Ӯ сахттар заданро сар кард, кордчаро гирифтам ба пуштам задам, кашидаму як бори дигар задам”,- нақл мекунад ноболиғ дар гузорише, ки дар барномаи "Ахбори ВКД" нашр шудааст.

Вале маълум нест ин навор таҳти чӣ шароите сабт шудааст. Ҳамчунин, дар он ҷузъиёти бештари ҳодиса гуфта нашудааст.

Мақоом ҳоло алайҳи навраси 17-сола бо гумони одамкушӣ (моддаи 104 КҶ) парванда боз кардаанд.

Ин банди қонунгузорӣ аз ҳашт то понздаҳ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари худи боздоштшуда ва наздикону пайвандонаш дар робита ба ин қазия ба расонаҳо дастрас нест.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
2024/11/29 11:20:58
Back to Top
HTML Embed Code: