#СОҲИБҶАШН
Соли 1933 – Мавлуди Ҳайрат Шанбезода, адиб ва рӯзноманигори тоҷик.
Ҳайрат Шанбезода хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро аз муаллимӣ дар мактаби ба номи Кирови Хоруғ оғоз кардааст. Баъдан беш аз 20 сол ходими адабии рӯзномаи “Маориф ва маданият” буд.
Шанбезода аз соли 1987 ҳамчун муҳаррири калони нашриёти “Адиб” фаъолиятро оғоз намудааст. Ӯ соли 1989 ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуд.
Номбурда муаллифи маҷмӯаҳои “Сарез”, “Ғазалҳо”, “Ситораи дур” буда, бештар ашъори лирикӣ месуруд.
Шанбезода соли 2004 дар 71-солагӣ даргузашт.
⏺ Хабарҳои бештар ➡️ Telegram 📱

Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Дар ҳошияи баргузории нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои озарбойҷонии худ Илҳом Алиев мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ин дидор, ки дар шаҳри Ханкендии Озарбойҷон сурат гиифтааст, масоили густариши ҳамкории ду кишвар ва рӯзномаи Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ муҳокима шудааст.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
Қаблан, мақомот дар бораи дарёфти ҷасади ду кӯдаки дигари ин зан иттилоъ дода буданд.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
ASIA-Plus
То ҳол ду тифли дигари Мадина Ҳалимова дар дарёи Сурхоб пайдо нашудаанд
Бо гузашти панҷ рӯз аз ҳодисаи ба дарё андохтани чаҳор кӯдак дар ноҳияи Фархор, ҳанӯз ду кӯдаки дигар пайдо нашудаанд. Мақомот гуфтанд, “Мадина Ҳалимова бо чаҳор тифлаш худро ба дарё партофта, поинтар худаш аз об берун шуд, вале кӯдаконро об бурд”.
Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ки ҳамзамон раиси Федератсияи футбол дар ин вилоят аст, бо Александр Крестинин, сармураббии нав дастаи футболи “Хуҷанд” ва ҳайати мураббиёни ин даста вохӯрдааст.
Ҷузъиёти мушаххаси ин мулоқот маълум нест, танҳо хадамоти матбуоти раиси ҷилояти Суғд гуфтааст, ки Аҳмадзода “дар суҳбат бо ситоди мураббиён барои беҳтар кардани натиҷаҳо дар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод”.
Бояд гуфт, Александр Крестинин, мураббии рус пас аз он сармурабби “Хуҷанд” таъин шуд, ки Рустам Хоҷаев, собиқ сармураббии ин даста чанд рӯз пеш аз ин симмат барканор гардид.
Крестинин дар гузашта дар чан даста дар лигаҳои олии Қирғизистон ва Ӯзбекистон фаъолият карда, солҳои охир сармураббии тими миллии Қирғизистон буд.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#ЁДБУД
Субҳон Саид, овозхони шаҳир ва маҳбуби халқ буд, ки сурудҳояш дар қалби мухлисонаш маъво ёфтаанд.
Ӯ дар Омӯзишгоҳи санъати ноҳияи Рӯдакӣ таҳсил карда, дар ҳайати ансамбли “Суғдиён”, дастаҳои ҳунарии “Ганҷина” ва “Гулшан” ҳунарнамоӣ кардааст. Муаллифи даҳҳо оҳангу сурудҳои эстрадӣ ва мардумӣ мебошад. Сурудҳои ӯ пурмазмун ва таъсирбахш буда, ҳолати руҳӣ ва зиндагии инсонро инъкос мекунад.
Ӯ соли 2003 дар озмуни сартосарии “Ситораи сол” иштирок кард ва ғолиб омад. Субҳон Саид 4 июл дар 56 солагӣ даргузашт.
Ёдаш гиромӣ бод!

Бархе аз корбарони саҳифаҳои “Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят доранд, ки дар маҳалли онҳо маҳдудият ё “лимит”-и барқ ҷорӣ шудааст. Оё дар маокни зисти шумо ҳам барқро хомӯш мекунанд?
Агар “ҳа”, пас лутфан дар шарҳ нависед, ки дар куҷо, аз кай ва чанд соат?
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
📣MediaLAB Asia+ курси дуюми барномаи омӯзиши “Ҳушманд дар интернет: саводнокии расонаӣ ва зеҳни сунъӣ”-ро барои наврасони аз 13 то 18 сола оғоз мекунад. Дар ин курс наврасон истифодаи дурусти интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ, санҷиши маълумот ва муфиду бехавфи зеҳни сунъиро меомӯзанд.
Барномаи курс:
- чӣ тавр метавон маълумоти бардурӯғ ва дасткории иттилоотро муайян кард;
- алгоритмҳои TikTok, Instagram ва YouTube чӣ гуна кор мекунанд;
- сарчашмаи иттилоотро чӣ тавр метавон зуд ва осон санҷид;
- чӣ тавр зеҳни сунъиро бояд дуруст истифода бурд;
👩💻🧑💻Дар рафти омӯзиш наврасон лоиҳаи ниҳоии худ - пост, навор ва ё инфографика омода мекунанд. Лоиҳаҳои беҳтарин дар платформаҳои Asia+ нашр хоҳанд шуд.
💸Арзиши курс - 500 сомонӣ. Дарсҳо рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе аз соати 17:00 оғоз мешаванд.
📍Суроға: кӯч. М. Турсунзода 14/21 (рӯбарӯи фурӯшгоҳи Ёвар), ошёнаи 2-юм.
❗️Дар охир ба иштирокчиён гувоҳнома тақдим мегардад ва барои амалинамоии лоиҳаҳояшон роҳнамоӣ мешаванд.
☎️Агар суоли иловагие дошта бошед, ба рақами 41-41 занг занед.
🔗Пайванд барои сабтином.

⚡️Баъзе маҳдудиятҳо барои муҳоҷирон бекор шуд
Дар чанде аз манотиқи Русия🇷🇺, баъзе маҳдудиятҳо барои кор, ки қаблан ҷорӣ шуда буд, бекор ё боздошта шуд.
Масалан, дар шаҳри Санкт-Петербург қарори манъи кирокашӣ🚕 ва колорасонӣ барои муҳоҷирон, ки чанде пештар қабул шуда буд, бекор гардид.
Пештар аз ин, мақомоти шаҳри Краснодар иҷрои қарори манъи кори муҳоҷирон дар сохтмонро боздоштанд.
Дар ҳарду ҳолат, сабаби бекор кардани маҳдудиятҳо, норасоии шадиди нерӯи корӣ гуфта мешавад. Баъзе коршиносон гуфтаанд, дар ҳолати бекор накардани маҳдудият барои кори муҳоҷирон дар ин бахшҳо, арзиши хадамот метавонад то 50 дарсад боло равад.
———
Super PRO аз ZET-MOBILE - 35 Гб интернет, 300 дақиқа дар дохили шабака, 200 Гб интернети шабона ва имкони интихоби 2 Супернеру.
Имкони тамошову тамос ҳама дар як тарофа.
Пайваст шав ва аз алоқаи бемаҳдуд баҳра бар.
#Якхабар

Ин оморро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз зимни суханронӣ дар Ҳамоиши 17-уми СҲИ, ки дар Озарбойҷон ҷараён дорад, зикр карда, гуфтааст, он 18 дарсад бештар аз соли 2023 аст.
Ӯ дар ин ҳамоиш дар масъалаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, нақлиёт, энергетика, саноат, тағйирёбии иқлим ва кишоварзӣ суханронӣ карда, ба густариши ҳамкорӣ дар доираи СҲИ дар ин соҳаҳо таъкид кардааст.
Дар робита ба ин, раисҷумҳури Тоҷикистон таҳия кардани як санадеро, ки ба истифодаи комили зарфиятҳои мавҷудаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳои СҲИ равона шудааст, зарур шуморидааст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои аъзои ин созмонро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон номидааст.
Дар идома ӯ ҷонибдории Тоҷикистонро аз рафъи монеаҳои тиҷоративу нақлиётӣ, соддагардонии транзит, пайвастшавии шабакаҳои роҳҳои заминӣ, оҳан ва ҳавоии кишварҳои аъзои СҲИ таъкид кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон афзоиши маблағгузорӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатиро зарур шумурдааст. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши истеҳсолот мусоидат хоҳад кард.
Дар мавриди тағйирёбии иқлим раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки кишварҳои аъзои СҲИ дар баробари таъсири манфии оқибатҳои он ҳамоно осебпазир боқӣ мемонанд. Ӯ бо дар назардошти афзоиши офатҳои табиӣ андешидани тадбирҳои мушаххас барои коҳиш додани пайомадҳои тағйирёбии иқлимро дар доираи Созмон зарур донистааст.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
ASIA-Plus
Модар бо корд фарзандонашро захмӣ кард? Вазъи саломатии як кӯдак вахим ва дуи дигар пагоҳ аз беморхона рухсат мешаванд
Аз се кӯдаке, ки гуфта мешавад, аз сӯи модарашон дар ноҳияи Қубодиён бо корд захмӣ шуда, дар беморхонаи ноҳияи Шаҳритус бистарӣ шудаанд, вазъи дуи онҳо беҳ буда, пагоҳ рухсат мешаванд, вале вазъи саломатии яке аз онҳо вахим боқӣ мемонад.
Лоиҳаи қонун чӣ ҳарфи нав дорад?
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
ASIA-Plus
Таҳсил дар коллеҷҳо як сол кам мешавад. Вакилони парлумон қонуни нави таҳсил дар коллеҷҳоро пазируфтанд
Дар Тоҷикистон дар бораи таҳсил дар коллеҷҳо қонуни нав қабул мешавад, ки муҳлати хонишро то 1 сол кам карда, ҳамзамон, мафҳумҳои навро ташреҳ медиҳад. Қонуни 10 сол пеш дар ин самт қабулшуда аз эътибор соқит мегардад.
МУФАССАЛ
МУФАССАЛ
МУФАССАЛ
МУФАССАЛ
МУФАССАЛ
МУФАССАЛ
МУФАССАЛ
МУФАССАЛ
МУФАССАЛ
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM