Telegram Web
Азия-Плюс TJ
⚡️Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд. Раисҷумҳур дар Айнӣ ва Панҷакент кадом иншоот ва корхонаҳоро боз кард? Аз ифтитоҳи муҷассами Гулназар Келдӣ то мактабу кӯдакистон ва корхонаи тиллову сурма.
🇹🇯Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд имрӯз ба ноҳияи Деваштич рафта, чанд иншоотро ба истифода дод. Аз ҷумла:

🔹 Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯст
• Бо маблағи 6,5 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкорон ва ҳукумати ноҳия сохта шудааст;
• 12 нафар дар он ба кор таъмин шудаанд;
• дорои 18 ҳуҷраи корӣ ва 18 рахти хоби рӯзона мебошад;
• Барои 1 600 оила ва 6 780 сокини деҳаи Қалъаи Дӯст хидмат мерасонад;


🔹Коргоҳи ба номи Раҳматуллои деҳаи Қалъаи Дӯст
• Ин коргоҳ пойафзол ва маводи шустушӯӣ истеҳсол мекунад;
• Иқтидори истеҳсоли 5 200 пойафзол дар як моҳ ва то 500 ҳазор дона собун дар як солро дорад;
• Аз ҷониби соҳибкор Раҳматулло Нуруллоев бо маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ сохта шудааст;
• Дар коргоҳ наздики 40 сокини маҳаллӣ соҳиби кор шудаанд;


🔹Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии Ёсумани деҳаи Басманда
• Он дар майдони 420 метри мураббаъ бунёд шуда, дорои 10 дастгоҳи қолинбофӣ аст;
• Коргоҳ аз ҷониби соҳибкор Имомиддин Ғафуров бунёд ёфта, барои 40 ҳунарманд ҷойи корӣ фароҳам сохтааст;


🔹Кӯдакистони №6 ба номи Фотима ва Зуҳро дар деҳаи Басманда
• Он 2 ошёна дошта, барои тарбияи 120 кӯдак дар 4 гурӯҳ пешбинӣ шудааст;
• Дар кӯдакистон наздики 30 омӯзгор ба кор таъмин гардидаанд;
• Ин макон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша таъмиру навсозӣ гардидааст;


Ҳамчунин, тибқи иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 1 мактаб дар деҳаи Муҷин ва 5 кӯдакистон дар деҳаҳои Ҳазорчашма, Нуробод, Росровут, Чӯянгарон ва Басманда, инчунин, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор додааст. Гуфта мешавад, дар 5 кӯдакистон беш аз 100 мураббӣ ба кор таъмин гардида, зиёда аз 400 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудааст.


Хабарҳои бештар ➡️ Telegram 📱
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍102
🥊 Дар Душанбе мусобиқаи “Шоми бокс” баргузор мегардад.

📆🏟️ Ин мсобиқа рӯзи 22-юми июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ миёни муштзанҳои касбӣ доир мешавад.

🇹🇯🇨🇲Дар набарди асосии он Баҳодур Усмонов, муштзани шинохтаи тоҷик бо Кристофер Муафо аз Камерун рақобат мекунад. Дар ин набард Баҳодури 27-сола муқобили рақибаш аз унвони қаҳрамони “IBA.PRO Intercontinental” дар вазни сабук дифоъ мекунад.

Ҳамчунин, дар муборизаи мазкур, ки аз 10 қисм (раунд) иборат аст, ҳарду муштзан барои ба даст овардани камарбанди “WBO Intercontinental” талош хоҳанд кард.

Усмонов дар охирин рақобати худ, ки моҳи майи имсол дар Душанбе доир шуда буд, барои дарёфти камарбанди қаҳрамонии “WBA Gold” муштзани филиппинӣ Алберт Пагараро бо “нокаут”-и фаннӣ мағлуб карда, унвонҳои “IBA.PRO Intercontinental” ва “WBA Gold”-ро дар вазни сабук соҳиб гардид.


🇹🇯🇳🇬Дар мусобиқаи “Шоми бокс” дар Душанбе, ҳамчунин, Давлат Болтаев, муштзани маъруфи тоҷик бо Соломон Адебайо аз Нигерия қувваозмоӣ мекунад. Ин набард дар 8 раунд ва барои ба даст овардани унвони “IBA.PRO Intercontinental” сурат мегирад.

Болтаев моҳи майи соли равон дар “Шоми бокс” дар Душанбе Закари-Серж Мвого аз Камерунро дар вазни сангин (+90,7 кг) бо “нокаут”-и фаннӣ шикаст дода, соҳиби камарбанди “IBA.Pro” гардид.


🇷🇺🇲🇽Ҳамчунин, дар мусобиқаи “Шоми бокс” дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 22-юми июл Вадим Мусоеви рус бо Хосе Мигел аз Мексика мубориза мебарад. Ин рақобат камарбанди “IBA.PRO Intercontinental” дар вазни то 67 кг сурат мегирад.

Хабарҳои бештар ➡️ Telegram 📱
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
1👍1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#ЁДБУД

Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон.


Ӯ дар баробари таърихшинос, сиёсатмадор, ходими давлатӣ, шарқшинос будан, муддате ба ҳайси муҳаррири рӯзнома низ кор кардааст. Рисолаҳои илмӣ ва омӯзишҳои махсуси шарқшиносӣ ва ҳуқушиносиро гирифтааст. Аз 1944 то 1946 дар вазифаи дабири дуввум ва аз соли 1946 то 1956 дар вазифаи нахустин дабири Кумитаи Марказии ҲизбиКоммунистии Тоҷикистон буд. Дар баробари кори ҳизбӣ Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ машғул буд.

Машҳуртарин асари таърихии ӯ “Тоҷикон” бори аввал соли 1972 бо забони русӣ ва соли 1987 бо забони тоҷикӣ ба табъ расид. Бо навиштани ин китоб Бобоҷон Ғафуров собит кард, ки халқи тоҷик соҳиби тамаддун ва таърихи қадима ва шоиста буда, соҳиби давлат буд.

Соли 2020-21 китоби “Тоҷикон” аз ҷониби давлат ройгон ба ҳар як хонадон тақдим гардид. Бобоҷон Ғафуров барои хидматҳои шоистааш соли 1997 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардид.


Бобоҷон Ғафуров 12 июли соли 1977 дар синни 67 солагӣдаргузашт.

Ёдаш гиромӣ бод!

Хабарҳои бештар ➡️ Telegram 📱
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
13👍3
Азия-Плюс TJ pinned «‼️196 ё 72? Дар ҷанги Украина чанд шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд? Аз миёни ҷасадҳои ташхис ва тасдиқшудаи ин таҳқиқот, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳама бештар будааст. Бештар дар матлаби мо хонед. ⤵️»
Азия-Плюс TJ
Тоҷикистон имсол 12 ёдгории таърихӣ-фарҳангиро ба феҳристи умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод мекунад
‼️"Хуттали Қадим" ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид

Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидаанд.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст, ки қарори дахлдор имрӯз, 12-уми июл дар иҷлоси 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Пориси Фаронса қабул шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, номинаи мазкур 11 ёдгории бостоншиносӣ ва меъмории воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Вахш ва Ховалинги вилояти Хатлонро дар бар мегирад.

Ёдгориҳое, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуданд, ба таври зайланд:

🔻Дайри Буддоии Аҷинатеппа дар ноҳияи Вахш;
🔻Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ;
🔻Шаҳристони Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ;
🔻Шаҳраки Манзаратепа дар ноҳияи Восеъ;
🔻Қалъаи Золи Зард дар ноҳияи Данғара;
🔻Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин дар ноҳияи Данғара;
🔻Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа) дар ноҳияи ба номи Ҷ. Балхӣ;
🔻Шаҳристони Золи Зар дар ноҳияи Фархор;
🔻Корвонсаройи Тоҳир дар ноҳияи Фархор;
🔻Шаҳртеппа дар ноҳияи ноҳияи Фархор;
🔻Дайри Буддоии Хишттеппа дар ноҳияи Ховалинг.


Бояд гуфт, ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали Қадим 5-умин мавзеъи Тоҷикистон аст, ки ҳамчун мероси ҷаҳонӣ эътироф мешавад.

Бештар ин ҷо хонед.

Хабарҳои бештар ➡️ Telegram 📱
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🔥72👍21
Марги як пиёдагард дар пайи садамаи нақлиётӣ

Дар Душанбе як пиёдагардро мошин зер кардааст. Ин ҳодиса рӯзи 11-уми июл дар кӯчаи Борбад рӯх дода, боиси марги пиёдагард, ки сокини 39-солаи шаҳри Ҳисор будааст, шудааст.


Дар пайи ин, пулиси Душанбе Анвар Муминов, ронандаи мошини тамғаи "Мерседес"-ро, ки ба пахш кардани сокини Ҳисор гумонбар аст, боздошт кардааст. Ба қавли мақомот, боздоштшуда ҳангоми рондани мошин дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.

Назари ӯ ва пайвандонаш дар робита ба ин қазия маълум нест.

Маълум нест, ки алайҳи ӯ парванда боз шуда ё не. Пулиси Душанбе гуфтааст, ки вобаста ба ин ҳодиса маводи зарурӣ тартиб дода шудааст ва мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Хабарҳои бештар ➡️ Telegram 📱
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
3
⚽️ Владимир Чурляев, мутахассиси 36-солаи рус сармураббии дастаи футзали “Истиқлол”-и Душанбе таъин шудааст.

Дар ин бора ин даста дар саҳифаи “Телеграм”-и худ рӯзи 11-уми июл хабар дода, навиштааст, ба ҳайси ёвари сармураббӣ дар “Истиқлол” ба Владимир Чурляев, Эраҷ Носехов, мутахассиси тоҷик кумак хоҳад кард. Вале маълум нест, ки қарордоди ҳамкорӣ миёни ин ду мутахассис ва дастаи “Истиқлол” то кай имзо шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Чурляев дар дастаҳои гуногуни Русия ба ҳайси бозигар ва мураббӣ фаъолият карда, то бо дастаи футзали “Истиқлол” шартнома бастан, дар тими “Атирау”-и Қазоқистон кор мекардааст.

Ёдрас мешавем, ки чанд рӯз пеш Александр Забирадзе, сармураббии собиқи “Истиқлол” ва ёвари ӯ Ҳусейн Шодиев баъди анҷоми шартномаҳояшон тарки ин даста карданд.

Онҳо дар моҳи апрели соли 2023 фъолиятро дар дастаи футзали “Истиқлол” шуруъ карда, дар ин муддат соҳиби унвони қаҳрамонӣ, Суперҷоми Тоҷикистон ва барандаи медалҳои нуқраи Суперлигаи футзал гардиданд.

Хабарҳои бештар ➡️ Telegram 📱
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👎31
2025/07/12 12:56:51
Back to Top
HTML Embed Code: