Warning: Undefined array key 0 in /var/www/tgoop/function.php on line 65

Warning: Trying to access array offset on null in /var/www/tgoop/function.php on line 65
- Telegram Web
Telegram Web
21-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Таҳти раёсати вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати энергетика ва захираҳои об баргузор гардид.

Тибқи рӯзнома, дар ҷаласа ду масъала:
- натиҷаҳои фаъолияти Вазорат ва корхонаю муассисаҳои соҳаҳои энергетика, нафту газ ва захираҳои об дар семоҳаи сеюми соли 2025 ва вазифаҳо то охири сол;
- баррасии рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, №218 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026».


Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шарифа Худобахш ва аз рӯйи масъалаи дуюм сардори раёсати электроэнергетика вазорат Қурбоналӣ Хайруллозода гузориш доданд.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍621
21-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Таҳти раёсати муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода Ҷаласаи муштаракаи гурӯҳи ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гӯрӯҳи корӣ оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба раванди татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025, раванди татбиқи Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028, раванди татбиқи лоиҳаи «Идоракунии обҳои зеризаминӣ дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон», раванди татбиқи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон - марҳилаи 3», раванди омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устовор, солҳои 2018-2028», ки баргузории он соли 2026 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


@mewrtj
👍8🤝1
22-юми октябри соли 2025, Ҷидда (Шоҳигарии Арабистони Саудӣ). – Дар ҳошияи ҷаласаи панҷуми Конфронси исломии вазирони масъул оид ба масъалаҳои об мулоқоти ҳамраисони Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ –вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ баргузор гардид.

Муфассал⤵️
🤝5👍2🕊1
☀️Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон корҳои насби панелҳои офтобӣ дар доираи лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 3 мегаватт (0,5 МВт иқтидори системаҳои нигоҳдории энергия (батарея🔋) оғоз ёфтанд.

🌱 Татбиқи лоиҳа ба тавсеаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таъмини устувории таъминоти неруи барқ дар минтақа мусоидат менамояд.

🏔Неругоҳ дар баландии 2660 метр аз сатҳи баҳр бунёд шуда истодааст.


🏗👷‍♂️Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати ватании ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» бо истифода аз таҷриба ва технологияҳои муосир анҷом дода шуда истодааст.

📅 Айни замон 40 % корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани неругоҳи мазкур то охири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.


@mewrtj
👍911
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚡️СОКИНОНИ ШАҲРИ БОХТАР БА ИСТИФОДАИ САМАРАНОКУ ОҚИЛОНАИ НЕРУИ БАРҚ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

@mewrtj
👍1
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ «AI Conf» ва намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва зеҳни сунъӣ

@mewrtj
👍1
2025/10/25 10:10:16
Back to Top
HTML Embed Code: