KITOBI_ISHK_21 Telegram 15293
Forwarded from ARMON TV (ᴀʙᴜ ᴍᴜᴅᴀssɪʀ)
АЗ ТАКДИР ГУРЕХТА НАМЕШУДАСТ! Қисми-1
( Қисса
)
Бегох аз кор монда шуда баромадам.Соат расо шаши бегохиро нишон медод.
- Писарам аз кор ки баромади, як сари кадам ба нонбозор даромада ягон дах дона нони гарм гирифта биёр,- сухани пагохи гуфтаи модарам ба хотирам расиду мошинро ба харакат дароварда ба суи бозори шахр рахсипор гаштам.Дар назди дарвозаи бозор анбухи зиёди мошинхоро дида, хостам мошинамро ба ягон гушаи хилвати рох монда ба бозор дароям.Сабил монад хангоми кафо гаштан духтаре аз кафои мошин гузаштани буд, уро надида зер кардам.Дар як лахза дар назди мошинам одамони зиёде чамъ шуда ду се нафар духтарро аз замин бардоштанд. Фалокат аз таги по мехезад, гуфтаги барин аз мошинам фаромада дасту по хурда намедонистам чи кор кунам. Хамрохи духтар апааш хамрохи мекард, хохарашро бехушу беёд дида ба сари ман чанчол бардошт:
- Ту кури, магар як бор кафои мошинатро нигох намекуни?- аз сари хашму газаб ба ман нигохкунон мегуфт
- Кори шудаги шуд, дигар чанчол кардан фоида надорад, зуд духтари мошинзеркардаро гирифта ба беморхона баред, набошад нозирони рох биёянд, боз кашокаш бисёр мешавад,- маслихат дод пирамарде ки дар пешам буд.Бо ёрии чанд нафар духтарро ба мошинам савор карданд.
- Агар хохарамро ягон бало шавад, ман туро ором намегузорам,- хамоно ба сари ман дугу пуписа мекард апааш.
Ман ба хона занг зада ба модарам вокеи баамаломадаро фахмондам.Мо ба шифохона омадем.Духтарро ба шуъбаи травматалогия гузаронида хобонданд. То ними шаб дар рохрави беморхона будам.Апааш низ дуртар аз ман дар хараке нишаста мунтазири хулосаи муоинаи табибон буд.Хар вакте хамширахахои шавкат аз хучраи духтари бемор мебаромаданд, ман аз онхо натичаи озмоиши духтури шикастабандро мепурсидам.
Нихоят соати нухи шаб духтури навбатдор ба наздам омада гуфт:
- Додар такдират баланди кардаст, ки факат аз бучулаки по поёнаш шикаста осеб дидаст, иншохлох баъди гипс кардан хуб мешавад.Ман табибро таъкид кардам, нисбати духтар бепарво набошанд, хар кумаки пулие даркор шавад, онхоро рози мекунам.
Апаи духтар хамон шаб тамоман бо ман гап назад.
Факат пагохи вакте аз дукони самбусафуруши ба у дар як пакет самбуса харида гирифта овардам, ваи гуфт, ки дилам зик асту аз гулуям чизе намегузарад.
Пагохи модарам хурок пухта ба табобатгох омад.У маро дидан замон аз калб охи бадарде бароварда аз духтари пошикаста пурсон шуд.
Баъди фахмидани саломатии духтар ба назди апааш рафта узрхохи намуд.
- Апа хаир аз дасти мо чи меояд, хамааш аз насибу такдир мухимаш хохарам хуб шавад, хонагихои мо низ дарак ёфта гамгин шуданд, фахмонд апаи духтар.У бо модарам хеле сухбат кард.
Писари ман навшофёр мошинашро нав гирифт,пеш мегуфтам мошин нагир, бача да хавас карду пули киёмат дода мошин гирифт, ана окибаташ чунин фалокати нохуш,- мегуфт модарам.
Мо як шабонаруз дар беморхона навбатпои кардем.Рузи дигар табибон саломатии духтарро бехатар гуфта моро чавоб доданд.Ман апаи духтарро савор карда аввал ба хонаашон расонидам. Баъд ба хона омадам.
Бегохи вакти гуруби офтоб каме хурока гирифта ба аёдати духтар рафтам.Маро ба хучрааш намондан дароям.Дар ончо дигар духтарони мачрух низ дар бистари бемори хоб буданд.Факат аз тирезаи палатаашон хеле ба у нигариста афсус мехурдам, ки чунин духтари зеборо аз по афтонда маъюб кардам.
Пас аз ин ходиса ман руздармиён ба шифохона меомадам.Дар хафтаи дуюм духтар бо ёрии чигас ба беруни беморхона баромада саиру гашт мекард.Вакте ба наздаш хабаргири меомадам, у дар хузури ман бо пои баста хеле мешармид.Ман ба у дар бораи кору борам харф мезадам.У низ дар бораи хонагихояшон ба ман маълумот медод.Хамин тавр харруз ман вакт ёфта ба сухбати Дилноза меомадам.Духтар низ аз аёдати ман хурсанд мешуд.Дар яке аз сухбатхо ба Дилноза гуфтам, ки агар рози бошад, бо у хонадор мешавам.
- Падару модарам маро ба писари аммам хонадор кардани хастанд, аммо намедонам, ки баъди ин фалокат пои шикастаи маро бахона карда маро мегирад ё не,- мегуфт Дилноза.

Идома дорад.

tgoop.com/KITOBI_ISHK_21/15293
Create:
Last Update:

BY 🕊️ КИТОБИ ИШҚ 🕊️

Share with your friend now:
tgoop.com/KITOBI_ISHK_21/15293

View MORE
Open in Telegram

Telegram News

Date: |

With the administration mulling over limiting access to doxxing groups, a prominent Telegram doxxing group apparently went on a "revenge spree." A Telegram channel is used for various purposes, from sharing helpful content to implementing a business strategy. In addition, you can use your channel to build and improve your company image, boost your sales, make profits, enhance customer loyalty, and more. Step-by-step tutorial on desktop: Telegram has announced a number of measures aiming to tackle the spread of disinformation through its platform in Brazil. These features are part of an agreement between the platform and the country's authorities ahead of the elections in October. Concise
from us

Telegram 🕊️ КИТОБИ ИШҚ 🕊️
FROM American