Telegram Web
Азия-Плюс TJ
⚡️"Талвосаи тарс" талош барои ҳифзи нуфуз ва қаноатдиҳии ҷомеаи муҳоҷирситез? 🗞 Коршиносон сабаби муносибати хашини мақомоти Русия бо муҳоҷирон, дасткории омори таҳрифшуда аз сӯйи расонаҳои ин кишварро навъе аз талош барои нигоҳ доштани нуфузи коҳишёфта дар…
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
⚡️На ҳамаи ба Русия рафта муҳоҷири меҳнатӣ аст

Омори муҳоҷирони кории тоҷик ҳамеша баҳсбарангез буд. Расонаҳои Тоҷикистон бо такя ба мақомоти кишвар рақами камтар пешниҳод мекунанд ва расонаҳои Русия кӯшиш мекунанд, онро ба маротиб зиёд нишон диҳанд. Яъне расонаҳои Русия ҳамеша таъкид мекунанд, ки теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия беш аз 1 млн ва дар баъзе ҳолатҳо то 2 млн аст. Вале расонаҳои Тоҷикистон ҳамеша мегӯяд, ҳудди 600-700 ҳазор тоҷик дар Русия кор мекунанд.

Аз омори Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон маълум аст, ки аз соли 2012 то 2022 аз ҳама бештар дар соли 2013 шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд. Дар ин сол 799 ҳазору 699 нафар тоҷикон ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла Русия муҳоҷир шудаанд.

Вале омори Русия тамоман фарқкунанда аст. Тибқи иттилои расмии Оҷонсии омори Русия ҳамасола аз Тоҷикистон ба ин кишвар беш аз 1,3 млн нафар мераванд. Аз ҳама бештар соли 2019 рафтаанд, ки беш аз 1,5 млн нафар ҳисоб кардааст.

Сайфулло Сафаров: Русия теъдоди муҳоҷирони тоҷикро барзиёд нишон медиҳад

Сайфулло Сафаров, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон ва собиқ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки шеваи ҳисоби теъдоди муҳоҷирон аз ҷониби Русия ва Тоҷикистон фарқ мекунад. Аз ин лиҳоз омори ҳарду кишвар фарқкунандаанд.

Назари Сайфулло Сафаровро дар навори зерин пурра тамошо карда метавонед.

Ҳамчунин, дар ин матлаби "Азия-Плюс" таъсири таблиғоти Русия ба сокинони кишварҳои Осиёи Марказиро метавонед хонед:

➡️ Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

🇲🇻Лағви раводид ба Малдив

❗️Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои 30 рӯз бидуни раводид ба Малдив раванд. Зеро дирӯз, 26-уми ноябр, миёни Тоҷикистон ва Малдив созишномаи бекор кардани раводид имзо шуд.

Акнун шаҳрвандони ду кишвар аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ, убур ва муваққатан бубудош дар ҳудуди яке аз тарафҳо ба муддати 30 рӯз озод мебошанд.

🏝️Малдив аз 1 ҳазору 196 ҷазира иборат буда, дар уқёнуси ором ҷойгир аст ва чун кишвари сайёҳӣ шинохта шудааст.

__
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидааст? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад. Пардифей Бейби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Субҳи имрӯз, 28-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард.

Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар
дода, навиштааст, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро як қатор мақомдорони кишвар, аз ҷумла, вазири мудофиа ҳамроҳӣ мекунад.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
⚡️ “Шавҳарам дар Русия ба ВНМО сироят ёфт ва баъди бозгашт маро олуда кард”

Дилфуза Сангинова (номи қаҳрамон иваз шудааст) яке аз гирифторон ба бемории ВНМО аз шимоли Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, ин беморӣ ба ӯ аз шавҳари муҳоҷираш сироят кардааст.

Шавҳари ӯ эътироф кардааст, ки дар Русия бо зане робита доштааст ва онҷо баъди ташхис муайян шудааст, ки ба бемории ВНМО гирифтор шудааст. Аммо ӯ инро аз ҳамсараш пинҳон карда, ӯро низ олуда кардааст.

Бештар дар гузориши мо тамошо кунед.

Ҳамчунин, дар ин матлаби "Азия-Плюс" таъсири таблиғоти Русия ба сокинони кишварҳои Осиёи Марказиро метавонед хонед:

➡️ Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
📚🎧 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аз хиёл то ҳақиқат”

📌 Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи “Аз хиёл то ҳақиқат” манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.

#АудиокитобАП

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🎶 Бузургтарин рӯйдоди мусиқии сол наздик аст!

Ҳоло бошад мо шуморо бо номзади дуюми ҷоизаи #TaronaMusicAward2024 шинос мекунем:

🎤 Ҷаҳонгир Зарипов
Имсол ӯ бо ҳунари нотакрор ва сурудҳои илҳомбахшаш шунавандагони худро бисёр ҳам дар ҳайрат монда буд. Ҳар баромади ӯ — як таҷрибаи фаромӯшнашавандааст!

🏆 Ва акнун, дар ин рӯйдоди сатҳи баланд, Ҷаҳонгир номзади ҷоизаи бошукӯҳи радиои Asia-Plus аст. Ӯ барандаи он хоҳад шуд ва бо кадом тарона? Интизор бошед ва шоҳиди ин лаҳзаи таърихӣ шавед!

🤝 Ташкилотчиён - @radioasiaplus ва @icb.tajikistan

Шарики расмӣ - @fly.tj
Шарики рақамӣ - @tcellpublic

Шарикон:
@fiftyfive_group
@_gulianor
@borjomi_tajikistan
@community_dushanbe
Оҷонсии муҳофизатии “Барс”

🎧 Моро тариқи online гӯш кунед

📢Обуна шавед /Telegram /Instagram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Мо ба касе паёмак ирсол накардаем». Ҳушдори «Почтаи тоҷик» аз қаллобон

Ду рӯзи охир ба сокинон гӯё аз номи Почтаи Тоҷикистон ба таври оммавӣ дар бораи ба номашон омадани бастаи почтавӣ паёмак ирсол гардид. Дар “Почтаи тоҷик” гуфтанд, ин кори қаллобон аст ва сокинонро ба эҳтиёткорӣ даъват намуданд.


Паёмак аз рақами +63 930-329-87-25 бо забони русӣ ирсол гардидааст.

“Бастаи почтавии шумо ба анбор ворид шуд, вале бо сабаби нопурра ишора шудани суроға, мо наметавонем онро бурда расонем. Лутфан, аз замимаи зер истифода бурда, давоми 12 соат суроғаи худро тасдиқ кунед”, - навишта шудааст дар паёмак аз номи “Почтаи тоҷик”.

Ҳамчунин, аз сокинон хоҳиш карда шудааст, ки ба ин паёмак бо паёми “Y” ҷавоб диҳанд.

Барои тафтиши ин паёмак “Азия-Плюс” ба “Почтаи тоҷик” муроҷиат кард. Дар ин ниҳод гуфтанд, онҳо ба ин паём робитае надоранд ва ин кори қаллобон аст.

“Аз сокинон хоҳиш мекунем, то эҳтиёткор бошанд ва ба ҳар гуна паёму зангҳо бовар накунанд. Онҳо метавонанд дилхоҳ маълумотро оид ба почта тариқи рақамҳои 227-69-39, 227-86-64 ва 227-47-23 пайдо намоянд”, - илова караданд дар “Почтаи тоҷик”.

Бояд гуфт, ки қаблан ҳам қаллобон бо истифода аз номи ширкатҳо ва шахсиятҳои машҳур, аз ҷумла аз номи ширкатҳои “Тойота”, “Беко”, бонки “Эсхата”, “Амонатбонк”, "Душанбе Сити Бонк" ва шахсиятҳое, чун раиси ҷумҳуру шаҳрдори Душанбе талош кардаанд сокинонро фиреб диҳанд.

Дар робита ба ин фейкҳо мақомоти Тоҷикистон аҳолиро ҳушдор дода буданд, вале то кунун сокинону ширкатҳои алоҳида аз ин навъи қаллобӣ хабарҳо нашр мекунанд.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#пурсидедҷавобмедиҳем

Оё хонандагон ва донишҷӯён метавонанд бо мошини худ ба муассисаи таълимӣ раванд


Не. Тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» (қисми 10, моддаи 16), хонандагон ҳақ надоранд бо мошини шахсии худ 🚗барои таҳсил ба муассисаи таълимӣ раванд.

❗️Барои вайрон кардани ин меъёри қонун, донишҷӯро метавонанд аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ кунанд.

Агар «ронанда» шахси то синни 18-сола бошад, аз 1080 то 1440 сомонӣ (Моддаи 90-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ) ҷарима хоҳад шуд.

Боз суол доред? – пас ба мо нависед.
_

Таблиғ: Агар шумо дар ҷустуҷӯи нӯшокие ҳастед, ки тароват бахшида, ба шумо нерӯи бештар диҳад, пас Mighty Rain беҳтарин интихоб аст. Маззаи нотакрори Mighty Rain – ин ҳамоҳангии се мазаи табиӣ: афлесун, лимӯ ва лайм мебошад.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо сафири Чин дар Душанбе дидор ва масъалаи баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Чинро, ки моҳи апрели соли оянда баргузор мегардад, баррасӣ кардаанд.

Дар ин бора Вазорати фарҳанги кишвар дар сомонаи худ хабар дода, навиштааст, ки дар ҷараёни ин мулоқот Матлубахон Сатториён бо Ҷи Шумин дар бораи васеъ кардани робитаҳои фарҳангӣ, баргузории намоишгоҳҳо ва барномаҳои фарҳангӣ низ гуфтугӯ кардаанд.


Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
🇪🇺🇹🇯Ҳафтаи таҳсилоти Иттиҳоди Аврупо Дар Тоҷикистон! 📚

Иттиҳоди Аврупо бо хушнудӣ оғози ҳафтаи бахшида ба таҷлили шарикии пурмаҳсул дар беҳсозии бахши маориф дар Тоҷикистонро эълон мекунад! Аз соли 2016 инҷониб барои дастгирии ислоҳоти ҳаётан муҳим мо бо ифтихор беш аз 95 миллион евро грант ҷудо кардем ва ҳоло вақти он расидааст, ки дастовардҳо ва ҳадафҳои ояндаи худро бо шумо мубодила кунем.

Дар Ҳафтаи таҳсилоти Иттиҳоди Аврупо, ки аз 26 ноябр то 16 декабри соли 2024 баргузор меградад, бо мо ҳамроҳ шавед! Ин силсилаи чорабиниҳои ҷолиб барои ҳама аст ва бо итминон гуфтан мумкин аст, ки манбаи илҳом барои омӯзгорон, донишҷӯён ва ҳар касе, ки ба ояндаи маориф таваҷҷуҳ дорад, хоҳад шуд.

Шуморо чӣ интизор аст?

🔹Бо дастовардҳои навтарини дар самти арзёбии Барномаи баналмиллалии арзёбии хонандагон шинос шавед;
🔹Дар бораи имкониятҳои ҷолиби таҳсилоти техникӣ ва касбӣ маълумот гиред;
🔹Дунёи ҷолиби таълими STEM-ро кашф кунед;
🔹Дар бораи манфиатҳои барномаҳои Erasmus+ маълумот гиред.

Ин имконияти беназир ба ҳама барои муттаҳид шудан, иштирок кардан ва саҳм гузоштан дар муҳокима оид ба ислоҳоти маориф дар Тоҷикистон мебошад. Мо бесаброна интизори дидори шумо ҳастем!

🗓26 ноябр - чорабинии (Барномаи баналмиллалии арзёбии хонандагон) - 🕑соати 14: 00 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency
🗓27 ноябр - дарҳои кушоди системаи TVET - 🕑соати 14: 00 дар Театри опера ва балет
🗓30 ноябр - чорабинии STEM - 🕘соати 09:00 дар Китобхонаи миллӣ
🗓2 декабр - барномаи Erasmus+ - 🕚соати 11: 00 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency

Дар тақвими худ ин рӯзҳоро қайд кунед ва дар ташаккули таҳсилоти оянда ба мо ҳамроҳ шавед. Якҷоя мо метавонем соҳаро ба самти беҳтар тағйир диҳем! 🌍

Барои маълумоти иловагӣ, саҳифаҳои моро пайгирӣ кунед!

@euintajikistan
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
⚡️Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши СААД ба Остона рафт
⚡️Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон вориди шаҳри Остонаи Қазоқистон шуд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар дода навиштааст, ки ӯро дар фурудгоҳ Олжас Бектенов сарвазири Қазоқистон ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар пешвоз гирифтанд.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
2025/07/04 05:46:29
Back to Top
HTML Embed Code: