tgoop.com/asiaplustj/30434
Last Update:
Дар ин бора хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба пизишкони фаластинӣ хабар додааст.
Дар миёни кушташудагон 7 узви як хонавода низ ҳастанд, ки дар минқтаи Зайтуни Ғазза баъди расидани як мушаки Исроил ба хонаашон ба ҳалокат расидаанд.
Артиши Исроил сар аз моҳи гузашта дар минтақаи шимоли Навори Ғазза ҳамлаҳои густурдаро ба роҳ мондааст. Дар пайи ин ҳамлаҳо садҳо нафар, аз ҷумла, занону кӯдакон кушта шудаанд.
Се рӯз пеш Додгоҳи байналмилали Гаага Бенямин Нетаняҳу, нахуствазир ва Йоав Галлант, собиқ вазири дифои Исроилро ба ҷиноят зидди башарият дар Навори Ғазза муттаҳам дониста, дастури боздошташонро содир кард.
Ин Додгоҳ гуфтааст, ки ин ду мақомдори исроилӣ сокинони Ғаззаро дидаву дониста аз хӯроку обу дору маҳрум кардаанд
Ёдрас мешавем, ки ҷанг дар Ғазза беш аз як сол аст, ки ҷараён дорад. Ин ҷанг миёни моҳи октябри соли гузашта баъди ҳамлаи Ҳамос ба Исроил, ки боиси кушта шудани наздики 1200 нафар ва гаравгон гирифтани 250 кас дигар шуд, оғоз гардид.
Баъди он Исроил ба Ғазза ҳамла кард. Масъулини беҳдошти Ғазза мегӯянд, ки сар аз 7-уми октябр то инҷониб дар натиҷаи таҷовузи Исроил ба Ғазза беш аз 44 ҳазор нафар, аз ҷумла занону кӯдакон, кушта ва наздики 105 ҳазор каси дигар захмӣ шудаанд.