Telegram Web
⚡️ Мавлавӣ Муқтадо, раиси зиндони гурӯҳи Толибон* дар Нангарҳор баъди издивоҷи маҷбурӣ бо як зани зиндонӣ аз вазифааш барканор шудааст.

💬 Дар ин бора рӯзномаи "8-и субҳ"-и Афғонистон хабар дода, навиштааст, ки ба ҷои ӯ Мавлавӣ Саъид, ки қаблан раиси зиндони Пактиё будааст, раиси нави зиндони Нангарҳор интихоб гардидааст.

📌 Ба навиштаи "Афғонистон интернешнл", зани ҷавонеро, ки Муқтадо зӯран ба никоҳ худ дароварда, Толибон бо иттиҳоми фирор аз манзил зиндонӣ карда будаанд. Ӯ ба он муттаҳам будааст, ки бо як марди номаҳрам аз Покистон ба Афғонистон фирор кардааст.

Ин расона навиштааст, ки Мавлавӣ Муқтадо барои пинҳон мондани ин издивоҷ марди ҳамроҳи духтарро аз зиндон озод карда ва духтарро маҷбуран ба никоҳи худ даровардааст.

* Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ дониста мешавад

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🇪🇺🇹🇯Ҳафтаи таҳсилоти ИА дар Тоҷикистон

🔹Лоиҳа “Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон”

🧑‍🎓👩‍🎓Беҳтар кардани таҳсил ва имкониятҳои шуғл барои ҷавонони Тоҷикистон, бо таваҷҷуҳ ба аҳолии осебпазир.

📣 Нахустин бор PISA (Барномаи баналмиллалии арзёбии хонандагон) дар Тоҷикистон!

📣 Шуморо барои иштирок ба чорабинии оид ба PISA 2025 дар Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи Таҳсилоти Иттиҳоди Аврупо рӯзи 26 ноябр соати 14:00 ба меҳмонхонаи Hyatt Regency даъват менамоем.

Дар ин чорабинӣ шумо оид ба аҳамияти ва манфиати PISA барои кишварамон маълумот мегиред.

@euintajikistan

#EUeducation #ИА #таҳсилот #маориф #Тоҷикистон #PISA
⚡️Дар Тоҷикистон маъракаи ҷаҳонии “16 рӯзи мубориза бо хушунат” оғоз ёфт. Ин маърака аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр баргузор мешавад.

Ҳадафи маъракаи мазкур ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти хушунати хонаводагӣ ва роҳҳои ҳалли он мебошад. Дар доираи ин маърака баргузории як қатор чорабиниҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ ва барномаҳои телевизионӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти дарёфтӣ, дар Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 1 ҳазору 569 шикоят аз хушунати хонаводагӣ сабт шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65 маротиба зиёд мебошад.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🎶 Сафари фаромӯшнашавандаи мусиқӣ аллакай шуморо интизор аст!

Мо бесаброна рӯйдоди бошукӯҳи сол - маросими ҷоизасупурии Tarona music award-2024 -ро интизорем! Ин шаби пур аз сеҳру ҷодуи мусиқӣ, илҳом ва эҷодкорӣ хоҳад буд, ки дар он ҳунармандони боистеъдоду хушсадо вомехӯранд.

🌟🎤 Мо шуморо даъват менамоем, ки дар ин шом ҳамоҳангии садоҳо ва эҳсосотро бо мо ҳис кунед.

🏆 #TaronaMusicAward2024

🤝 Ташкилотчиён - @radioasiaplus ва @icb.tajikistan

Шарики расмӣ - @fly.tj
Шарики рақамӣ - @tcellpublic

Шарикон:
@fiftyfive_group
@_gulianor
@borjomi_tajikistan
@community_dushanbe

📢Обуна шавед /Telegram /Instagram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🇪🇺🇹🇯Ҳафтаи таҳсилоти Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

🗓Рӯзи 27-уми ноябр

🕑Аз соати 14:00 то 18:00

🎭Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, шаҳри Душанбе

🔹Бо мақсади тарғиби таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ-техникӣ, таҳсили калонсолон.

🔹Дар бораи касбҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ дар Душанбе маълумот гиред!

🔹Бо омӯзгорон ва донишҷӯёни литсейҳо, коллеҷҳо ва марказҳои омӯзишӣ барои калонсолон шиносоӣ пайдо кунед!

🔹Намунаи кори таҳсилгирандагонро бубинед, дар бораи касбҳо маълумот гиред, дар озмунҳо иштирок кунед.

📚Барномаҳои Иттиҳоди Аврупо рушди таҳсилоти босифат ва дастрасро барои ҳама дар ҳамкории фаъол бо Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ мекунад.

🎶Дар охири чорабинӣ шуморо барномаи фарҳангӣ – консертии «Саундтреки филмҳои машҳур” интизор аст. Даромад озод!

#EUeducation #ИА #таҳсилот #маориф #Тоҷикистон #TVET
💡Ширкати "Барқи тоҷик" бо Ширкати тақсими барқи Афғонистон (Брешно) барои фурӯши барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2025 қарордод имзо кард.

Дар ин бора ширкати афғонистонӣ дирӯз, 24-уми ноябр дар сомонааш хабар додааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки қарордод аз ҷониби Маҳмадумар Асозода, раиси “Барқи тоҷик” ва Абдулборӣ Умар, роҳбари ширкати “Брешна” дар Туркия ба имзо расидааст.

Ҷузъиёти дигаре аз ин қарордод ва гуфтугӯи ҷонибҳо дар хабар зикр нашудааст.

Бояд гуфт, соли 2008 Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи интиқоли барқ аз кишвари мо ба кишвари ҳамсоя то соли 2028 созишнома ба имзо расониданд.
Охири ҳар сол ҷонибҳо протоколи иловагӣ ба имзо мерасонанд, ки дар он ҳаҷми интиқоли барқ барои соли минбаъда ва нархи он муайян карда мешавад.

Хабар такмил мешавад.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚡️ Баъди нашри матлаби "Азия-Плюс" раиси шаҳри Панҷакент ба деҳаи Бӯстон рафта, дастур дод, ки барои бунёди мактаб замин ҷудо кунанд.

Абдухолиқ Холиқзода ба масъулин гуфтааст, барои мактаб аз ҳисоби заминҳое, ки солҳо боз истифода намешаванд, ҷой ҷудо кунанд ва лоиҳаи мактабро тартиб диҳанд.

Тибқи иттилоъи ҳукумати шаҳри Панҷакент, Холиқзода ба дидори хонаводаи Тарона Ниёззода, хонандае, ки чанде пеш дар пайи садамаи нақлиётӣ ҳангоми бозгашт аз мактаби деҳаи ҳамсоя ҷон бохта буд, рафтааст.

Тафсилоти қазияи марги Тарони 9-сола ва мушкили набуди мактаб дар деҳаи Бӯстони шаҳри Панҷакентро аз ин матлаби мо: “Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад? хонда метавонед.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

💡Фурӯши барқ ба Афғонистон

Ширкати «Барқи тоҷик»🇹🇯бо Ширкати тақсими барқи Афғонистон🇦🇫 (Брешно) барои фурӯши барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2025 қарордод имзо кард.

✍️Ширкати Брешно дар сомонааш навишт, ки қарордодро роҳбарони ду ширкат дар Туркия🇹🇷имзо кардаанд.

Ҷузъиёти дигаре аз ин қарордод ва гуфтугӯи ҷонибҳо дар хабар зикр нашудааст.

Бояд гуфт, соли 2008 Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи интиқоли барқ аз кишвари мо ба кишвари ҳамсоя то соли 2028 созишнома ба имзо расониданд. Тибқи он охири ҳар сол ду ҷониб протоколи иловагӣ ба имзо мерасонанд, ки дар он ҳаҷми интиқоли барқ барои соли минбаъда ва нархи он муайян карда мешавад.

__
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидааст? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад. Пардифей Бейби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Мо як хушхабар дорем, дӯстон!

Меҳрубон Зокирӣ, ҳамкори мо, дар озмуни “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” ҷойи аввалро ба даст овард! 🏆🎉

Муборак бод, Меҳрубон! 💐

Бароят парвози баландтар, баракату барори бештар ва комёбиҳои беохирро таманно дорем! 🙌

🎧 Моро тариқи online гӯш кунед

📢Обуна шавед /Telegram /Instagram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🏚 Дар ноҳияи Сангвор ба сокиноне, ки моҳи майи имсол манзилҳои истиқоматияшон дар пайи омадани сел вайрон шуда буд, хонаҳои нав сохта ва ба истифода додаанд.

🗯 Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дода, навиштааст, ки барои сокинони зарардида 17 хонаи нав сохта шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, биноҳои истиқоматӣ якошёна буда, ҳар кадоми онҳо аз 4 ҳуҷраӣ иборатанд.

🗝 Гуфта мешавад, ки калиди хонаҳоро ба сокинон рӯзи 22-юми ноябр Сулаймон Зиёзода, муовини сарвазири кишвар ва Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда супоридаанд.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
2024/11/26 01:01:11
Back to Top
HTML Embed Code: