tgoop.com/asiaplustj/30458
Create:
Last Update:
Last Update:
Абдухолиқ Холиқзода ба масъулин гуфтааст, барои мактаб аз ҳисоби заминҳое, ки солҳо боз истифода намешаванд, ҷой ҷудо кунанд ва лоиҳаи мактабро тартиб диҳанд.
Тибқи иттилоъи ҳукумати шаҳри Панҷакент, Холиқзода ба дидори хонаводаи Тарона Ниёззода, хонандае, ки чанде пеш дар пайи садамаи нақлиётӣ ҳангоми бозгашт аз мактаби деҳаи ҳамсоя ҷон бохта буд, рафтааст.
Тафсилоти қазияи марги Тарони 9-сола ва мушкили набуди мактаб дар деҳаи Бӯстони шаҳри Панҷакентро аз ин матлаби мо: “Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад? хонда метавонед.