tgoop.com/asiaplustj/30562
Last Update:
Пулиси Душанбе як писари 17-соларо дастгир кардааст, ки гуфта мешавад, дар натиҷаи як муноқиша падарандари худро ба қатл расонидааст.
Дар ин хусус дар барномаи “Ахбори ВКД”-и телевизиони Тоҷикистон хабар дода мешавад.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса рӯзи 22-юми ноябр рух додааст. Гуфта мешавад, навраси 17-сола соати 22-и шаби ҳамон сана баъди муноқишаи падарандараш бо модараш, бо ӯ даъво мекунад. Дар натиҷа ин ноболиғ падарандарашро бо корд мезанад ва ӯ захмӣ шудаву мефавтад.
“...Кордчаро гирифта тарафи ман омад, аз дасташ кордчаро гирифтам, тела кардам, ки афтод. Баъдан маро зад, ман бо сар ӯро задам, ки аз сараш хун омад. Ӯ сахттар заданро сар кард, кордчаро гирифтам ба пушташ задам, кашидаму як бори дигар задам”,- нақл мекунад ноболиғ дар гузорише, ки дар барномаи "Ахбори ВКД" нашр шудааст.
Вале маълум нест ин навор таҳти чӣ шароите сабт шудааст. Ҳамчунин, дар он ҷузъиёти бештари ҳодиса гуфта нашудааст.
Мақомот ҳоло алайҳи навраси 17-сола бо гумони одамкушӣ (моддаи 104 КҶ) парванда боз кардаанд.
Ин банди қонунгузорӣ аз ҳашт то понздаҳ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Назари худи боздоштшуда ва наздикону пайвандонаш дар робита ба ин қазия ба расонаҳо дастрас нест.