tgoop.com/asiaplustj/32974
Last Update:
Аз ин ниҳод иттилоъ доданд, ки санадҳои онҳоро имрӯз, 18 феврал муовинони вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон пазируфтаанд.
Ба навиштаи манбаъ, Гидеон Лустиг сафири нави Исроил дар Тоҷикистон таъин шудааст. Қаблан Зеҳавит Бен Ҳиллел сафири ин кишвар дар Тоҷикистон буд.
Бояд гуфт, қароргоҳи сафорати Исроил дар Тоҷикистон якҷо бо сафорати ин кишвар дар Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд қарор дорад.
Ҷамол Бакр Абдулло бошад сафири Ҳабашистон дар Тоҷикистон таъин шудааст. Қароргоҳи сафорати Ҳабашистон дар Исломободм Покистон аст.
Ба навиштаи манбаъ, имрӯз ҳамчунин Вазорати корҳои хориҷии кишвар нусхаи эътимодномаи Нияз Чардаклия, сафири навтаъйини Босния дар Тоҷикистонро қабул кардааст. Сафорати ин кишвар дар Теҳрон воқеъ аст.
Гуфта мешавад, сафирони ҳар се кишвар дар сӯҳбати дуҷониба бо намояндаҳои Тоҷикистон дар мавриди вазъи имрӯза ва густариши робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодияшон бо кишвари мо табодули назар кардаанд.