tgoop.com/dunyoi_marifat/8534
Last Update:
📚 АМАЛҲОИ ҲАРОМЕ, КИ БИСЁРИ МАРДУМОН НИСБАТИ ОНҲО БЕПАРВО ҲАСТАНД.
- 59 -
БЕАДОЛАТИ ДАР ВАСИЯТ
🔶 Шариати исломӣ иҷозат намедҳад, ки шахсе ба худ ва ё дигарон зиён ва зарар бирасонад, ва аз мисолҳои зарар расондан монанди зарар расонидан ба ворисони ҳақиқи ва шаръӣ ва ё ба баъзе аз онҳо мебошад, ҳангоми навиштани васиятнома ва шахсе, ки ба ин гуноҳ даст мезанад Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадисе таҳдид намудаанд.
🔷 Ҳамчуноне ки дар ривояти Имом Молик ва Аҳмад ва Абудовуду Тирмизӣ раҳимаҳумуллоҳ омадааст :
عَنْ أَبِي صِرْمَةَ، أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: «مَنْ ضَارَّ ضَارَّ اللَّهُ بِهِ، وَمَنْ شَاقَّ شَقَّ اللَّهُ عَلَيْهِ»
📙 “Аз Абусирма разияллоҳу анҳу ривоят аст ки, Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд : Ҳар касе, ки ба шахсе зарар бирасонад Аллоҳ таъоло низ ба ӯ зарареро мерасонад ва ҳар касе, ки шахсеро дар машаққат гирифтор кунад Аллоҳ таъоло низ ӯро ба машаққате гирифтор мекунад”
📚Ин ҳадис ривоят шудааст дар китоби :
1. "Муваттаъ" - и Имом Молик 2/745
2. "Муснад" - и Имом Аҳмад ҳ-т-р 15755
3. "Сунани Абудовуд" ҳ-т-р 3635
4. "Сунани Тирмизӣ" ҳ-т-р 1940
5. "Сунани ибни Моҷа" ҳ-т-р 2342
6. "Сунани Дорқутнӣ"
7. "Сунани Кубро" - и Байҳақи 6/69
8. "Мустадрак"-и Ҳоким 2/57-58
9. "Муъҷами Кабир" - и Табарони 22/330
10. "Оҳод вал-Масони"-и ибни Абиъосим ҳ-т-р 2169
11. "Ал-Асмо вал-Кунно"-и Дулобӣ ҳ-т-р 240
12. "Ирвоул-Ғалил" - и Шайх Албони ҳ-т-р 986
13. "Саҳеҳул-Ҷомиъ" - и Шайх Албони ҳ-т-р 6372
🔶 Маҳрум гардонидани яке аз ворисон аз ҳаққи шаръияш ё васият кардан барои шахсе барои гирифтани бештар аз ҳақ ва саҳмияи шаръияш ва ё васият кардани беш аз се дар яки миросаш ба шахсе аз намунаҳои зарар расонидан бар ворисон ва беадолати дар васият мебошад.
🔷 Дар бисёре аз минтақаҳо бар сабаби набудани додгоҳҳои шариатӣ, соҳибонӣ ҳақ наметавонанд ҳаққи шаръиеро, ки Аллоҳ таъоло барои онон ато кардааст ба даст оваранд, зеро додгоҳҳо ва низомҳои сохтагӣ (замонавӣ) васиятҳои золимонаеро, ки дар назди муҳоми (адвокат) сабт карда шудааст қобили иҷро ва эътибор медонанд, пас вой бар ҳоли онон, барои он чизе, ки бо дастони худ навиштаанд ва вой бар онон, барои он чизе, ки касб (даромад) кардаанд.
@DUNYOI_MARIFAT
BY 💛📖Ҳадис_Муслим_Бухорӣ🌙 Вақти намоз 🕌Дунёи Маърифат 📚
Share with your friend now:
tgoop.com/dunyoi_marifat/8534