tgoop.com/dunyoi_marifat/8579
Last Update:
1149 - عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللّٰهُ عَنْهُ : أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: (لاَ يَقْتَسِمُ وَرَثَتِي دِيِنَارًا، مَا تَرَكْتُ بَعْدَ نَفَقَةِ نِسَائِي وَمَئُونَةِ عَامِلِي، فَهُوَ صَدَقَةٌ) .
(مسلم - 1760).
Ҳадис!
Абуҳурайраҳ разияллоҳу ъанҳу мегӯяд!
Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, Фармуд!
Ворисони ман динор ва дирҳаме тақсим намекунанд, ончӣ ман аз худ баҷой гузоштам, баъд аз нафақаҳи ҳамсаронам ва пардохт кардани музди коргаронам, садақаҳ ба ҳисоб меравад.
(Муслим - 1760).
Шарх!
Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам гуфт!
(لاَ يَقْتَسِمُ وَرَثَتِي دِيِنَارًا).
Яъне - меросбарони ман ягон динореро тақсим намекунанд.
Ва дар варасаҳ, яъне - дар мерос бурдан касоне медароянд, ки баъди вафоти шахси мерос гузор, мустаҳиқи гирифтани мерос мебошанд.
Яъне - ҳаққи мерос бурданро дошта бошанд.
Дар аввал ҳаммай мерос барон ҷамъ оварда мешаванд, ва дида мешавад, ки чи касе шойстаи гирифтани мерос аст, ва баъд назар карда мешавад, ки оё ягон нафаре аз онҳо ягон нафареро ҳаҷб... мекунад ё ин, ки намекунад.
(Ногуфта намонад, ки ҳаҷб ду қисм мешавад, ҳаҷби нуқсон мешавад, ва маънояш ҳамин аст, ки вуҷуд доштани баъзе меросбарон, сабаб мешавад, ки баъзе дигари онҳо, ҳиссаҳи меросаш кам мешавад.
Ва қисми дуюмаш ҳаҷби (حرمان) - ҳирмон мешавад, ки вуҷуд доштани баъзе меросбарон сабаби мерос нагирифтани баъзеи онҳо мешавад.
Яъне, ки баъзе аз меросбарон баъзе дигарашро аз гирифтани мерос манъ мекунад).
Ва дар меросбарони Паёмбар, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам ҳамсаронаш медаромаданд, ки ҳаққи гирифтани сумнро доштанд, аз ҳашт як ҳисаҳи меросро байнашон тақсим мекарданд.
Ва духтараш Фотимаҳ разияллоҳу ъанҳаа буд, ки насибаш нисф мешавад.
Ва Ъамакаш Ъаббос ибни Ъабдулмуталлиб, разияллоҳу ъанҳу мебошад, ки насибаш боқӣ мешавад.
Аллоҳу аълам.
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
🍀@DUNYOI_MARIFAT🍀
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
BY 💛📖Ҳадис_Муслим_Бухорӣ🌙 Вақти намоз 🕌Дунёи Маърифат 📚
Share with your friend now:
tgoop.com/dunyoi_marifat/8579